КҲФ: Барои интиқоли ҷасади халабони бар асари суқути чархбол ҳалокшуда амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ«Ховар»/. 5 август, бино ба хабарҳои ВАО, чархболи тамғаи МИ-8 Неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки рӯзи 4 августи соли равон барои наҷоти сайёҳони Русия ба ВМКБ парвоз карда буд, ба садама дучор шуд. Дар натиҷа як нафар халабон — Сергей Тютин (ДАР АКС) ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, сайёҳони рус ҳангоми боло шудан ба пиряхи Федченко дучори мушкил шуда буданд ва 4 августи соли равон чархболи МИ-8 Қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар бо 5 сарнишин ба кумаки онҳо равон шуда буд. Аммо наздик ба соати 12:10 чархбол аз назари радар нопадид шуда, ҳар гуна иртибот бо он қатъ гардид ва ба ягон дархост посух намедод. Баъдан маълум шуд, ки чархбол дар қаламрави пиряхи Хирсон, ки дар дараи Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, дучори садама шудааст.
Дар ин садама як нафар ҳалабон ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
6 августи соли равон бо кумаки чархболи МИ-8 нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 10 нафар – 6 нафар сайёҳони Русия, 2 нафар аз ҳайати экипажи чархболи суқуткарда ва 2 корманди ширкати сайёҳии “Помир-Пик” ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. Ҳамаи ин 10 нафар ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд.
Мавриди зикр аст, ки имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор барои интиқоли ҷасади ҳалабони ҳалокшуда Сергей Тюнин аз баландии 5000 метр аз сатҳи баҳр тадбирҳо андешида истодаанд.
АКСҲО аз манбаъҳои боз










Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






