Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон хостори тақвияти ҳамкорӣ мебошанд

Август 5, 2021 09:09

ДУШАНБЕ, 05.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. 4 август дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф  мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот изҳор дошт, ки то имрӯз миёни Тоҷикистон ва Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидаанд, ки муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро ҳамоҳанг ва дурнамои онҳоро муайян месозанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба масъалаҳои байнипарлумонӣ гуфт, ки “Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ соли 2011 пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро бо имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкории байнипарлумонӣ устувор намуданд. Имрӯз мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарлумонӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ ва иттилоотонӣ ба ҳамкории судманд тақвият бахшем”.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф  хостори тақвияти ҳамкории маҷлисҳои ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гурӯҳҳои дӯстии муштарак гардид.

 

Акс аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Август 5, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд