Марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо пирӯзии «Истиқлол» анҷом ёфт

Август 30, 2021 12:02

ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бо баргузор шудани бозиҳои даври ҳаждаҳум 28-29 август марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар  даври ҳаждаҳум дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  дар майдони худ бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Саидшо Бозоров дар дақиқаи 77 ба нишон расонид.

Дар ду бозии дигар дастаҳои  футболи  «Душанбе»-и шаҳри  Душанбе  бар   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бар  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан  бо ҳисоби якхелаи 2:1 зафар ёфтанд. Голҳои дастаи  футболи  «Душанбе»-и шаҳри Душанберо  Парвизҷон Ҳамидов, Хуршед Абдуллоев, голҳои дастаи  футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро Сафаралӣ Каримов ва Аваз Қамчинов ба дарвоза заданд.

Клуби марказии варзишии артиш (КМВА) дастаи  футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Голро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 31 аз пеналтӣ ба ҳадаф расонид. Дар бозии охирини давр дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бар «Кӯктош»-и  ноҳияи  Рӯдакӣ  бо ҳисоби калони  7:1 ғолиб омад. Алишер Ҷалилов ду гол, Амирбек Ҷӯрабоев, Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов, Салам Ашурмамадов ва Рустам Соиров якголӣ заданд.

Ҳамин тариқ, марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо пирӯзии  дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе (39 хол) поён ёфт. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳамчунин ду бозии анҷомнадода дар ихтиёр дорад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 32 хол дар ҷои дуюм аст. Сегонаи аввалро дастаи футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  (26 хол) ҷамъбаст мекунад.

Ёдовар мешавем, ки  марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 17 сентябр оғоз гардида, то 9 декабр идома меёбад. Дар даври 19-ум 17 сентябр дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо КМВА-и шаҳри Душанбе, 18 сентябр  дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо «Кӯктош»-и  ноҳияи Рӯдакӣ, «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳам  вомехӯранд.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                     Б       Ғ      М      Б      Т-Т      Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  16  12  3  1  50-7  39
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  17  10  2  5  33-19  32
 3  «Истаравшан» (Истаравшан)  18  7  5  6  21-19  26
 4 «Эсхата» (Хуҷанд)  18  7  3  8  26-31  24
 5  КМВА (Душанбе)  18  6  6  6  22-23  24
 6 «Равшан»(Кӯлоб)  17  5  8  4  18-17  23
 7  «Хатлон» (Бохтар)  18  6  5  7  18-24  23
 8  «Душанбе»(Душанбе)  18  4  6  8  20-37  18
 9  «Файзканд» (Восеъ)  18  4  5  9  13-24  17
 10  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  18  3  5  10  22-42  14

 

                                                                                                       АКС аз ФФТ

Август 30, 2021 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд