Мумфаршкунии роҳи мошингарди Зафаробод-Бекобод то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон оғоз ёфт

Август 22, 2021 08:49

ДУШАНБЕ, 22.08.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии 5 км роҳи мошингарди Зафаробод-Бекобод то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон оғоз ёфт.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуд,  ки бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён доранд.

Зикр гардид, ки дар ноҳияи Зафаробод низ дар ин раванд даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёду навсозӣ гардида,  мардум бо рӯҳияи баланд баҳри таҷлили сазовори ҷашни таърихӣ талош доранд.

Иттилоъ дода шуд,  ки роҳи мумфаршшаванда дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод ҷойгир буда, дарозии  умумии он 34,2 километр аст. Масоҳати роҳи мумфаршшаванда 5 км аст ва паҳноии он 7 метр мебошад.

Фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчӣ ҶДММ “Тоҷроуд” аст.

 АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 22, 2021 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд