Муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати Осиё бар ҳарифонашон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали рақобатҳои Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон чор варзишгари навраси тоҷик бо рақибони худ сабқат намуда, се нафар ғолиб омаданд.
Дар ин бора аз Федератсияи бокси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон 20 август дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб оғоз ёфта, то 30 август идома мекунад. Аъзои дастаи мунтахаби кишвар миёни ҷавонону наврасон ба дар шаҳри Дубай АМА қарор дошта, дар ин мусобиқа ширкат доранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 21 варзишгар, аз ҷумла 2 духтар намояндагӣ доранд. Қабл аз оғози Чемпионати Осиё миёни наврасон ва ҷавонон маросими ифтитоҳи он сурат гирифт, ки роҳбарияти Федератсияи бокси Осиё, намояндагони шаҳри Дубай ва аъзои дастаҳои мунтахаби кишварҳои иштирокчӣ ширкат варзиданд. Дар рӯзи аввали рақобатҳо аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгар Юсуф Фозилов дар вазни 66кг баромад намуд, ки рақиби муштзини тоҷик Муҳаммад Абдураҳмон аз АМА маҳсуб мешуд. Фозилов дар се ҳунарнамоӣ назар ба рақибаш беҳтар ҳунарнамоӣ кард ва доварон бо бартарии калони 5:0 ғалабаро бар варзишгари тоҷик доданд. Ҳамин тавр Юсуф Фозилов миёни муштзанҳои наврас ба марҳилаи навбатӣ баромад.
Муштзани дигари тоҷик, узви дастаи мунтахаби бокси наврасони кишвар Нурланбек Эрматов дар даври аввали вазни 75кг бо варзишгар аз Ҷумҳурии Қирғизистон Азинбеков Азимбек рӯи ринг баромад. Сабқати ин ду муштзан низ ҷолиб сурат гирифт ва боксчии мо барои ғалаба муборизаи зиёд бурд. Аз ибтидои сабқат то анҷом Нурланбек Эрматов бар ҳарифи қирғизистонии худ бартарии комил нишон дода, тавонист зарбаҳои худро ба нишон расонад. Ин буд, ки дар ниҳоят доварон бо ҳисоби 5:0 ғалабаро ба варзишгари тоҷик мансуб донистанд. Ҳоло Нурланбек Эрматов низ муборизаро барои дарёфти унвони қаҳрамонии Осиё идома медиҳад.
Намояндаи дигари Тоҷикистон дар вазни 80кг Акмалҷон Абдувалиев дар рақобати аввалини худ бо намояндаи кишвари Ҳиндустон Рашид Сингх вохӯрд. Муштзани тоҷик дар ин рақобат бо истифода аз маҳорат ва ҳунари худ зарбаҳои нишонрас зад, аммо рақиби ҳиндустонияш низ барои ғалаба муборизаи сахту сангин анҷом дод. Дар ниҳоят баъд аз се пайти майдондорӣ муштзани тоҷик бо ҳисоби 3:2 пирӯз дониста шуда, ба даври дигар баромад. Баъд аз рақобати Акмалҷон Абдувалиев навбат ба духтарон расид.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби бокси наврасони Тоҷикистон ду духтар низ ба шаҳри Дубай сафар намудаанд. Фариза Ёқубова дар вазни 46кг ба майдон баромада, мутаассифона, дар рақобати аввалини худ аз варзишгари қазоқ Юлианур Турга мағлуб ва аз идомаи мубориза бенасиб гардид.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд






