Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 03.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 2 август дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи тенниси Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид. Ин имкон медиҳад, ки нуфузи мусобиқа дар арсаи байналмилалӣ баланд гардида, шумораи хоҳишмандон барои иштирок дар он бештар гардад.
Дар 11-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 варзишгар аз давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Шриланка, ИМА, Олмон ва Исроил иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис то 7 август идома меёбад.
АКСҲО аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






