Наҷмиддин Толибов сармураббии нави дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аз таъйини мутахассиси 58-сола Наҷмиддин Толибов ба ҳайси сармураббии дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб расман хабар дод. Наҷмиддин Толибов дар ин вазифа Ғайраталӣ Мираҳмадовро, ки дастаи футболи «Равшан»-ро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ баровард ва ба ғалаба дар Ҷоми Тоҷикистон даст ёфт, иваз намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Наҷмиддин Толибов дар гузашта ба ҳайси футболбоз дар дастаҳои номдори «Вахш»-и Қӯрғонтеппа (феълан Бохтар) ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ҳунарнамоӣ кардааст. Бештар аз 10 сол шомили ситоди мураббиёни дастаи «Регар-ТадАЗ» буда, пас аз он ба ҳайси сармураббии футболи «Энергетик» (феълан «Барқчӣ») ва як муддат ҳамчун сармураббии дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода фаъолият намудааст.
Пас аз анҷоми 16 даври Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо касби 19 имтиёз дар зинаи шашуми ҷадвали умумӣ қарор дорад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






