NYT: Афғонҳо дар вилояти Панҷшер аз Толибон ҳукумати фарогир талаб доранд
ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Афғонҳо дар вилояти Панҷшер ҳаракати радикалии Толибонро (дар Тоҷикистон, Русия ва дигар давлатҳо мамнӯъ) мақоми қонунӣ эътироф намекунанд ва розианд, ки танҳо ба ҳукумати фарогир тобеъ шаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора The New York Times рӯзи чоршанбеи 18 август бо истинод ба Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар хабар дод. (ДАР АКС).
Ба гуфтаи ӯ, ноиби президенти ҷумҳурӣ Амруллоҳ Солеҳ ва Аҳмад Масъуд — писари собиқ вазири мудофиаи кишвар ва фармондеҳи саҳроии афғонҳо, бо тахаллуси шери Панҷшер тайёранд бо Толибон мубориза баранд, агар Ҳукумат дар Афғонистон бо назардошти намояндагони ҳамаи ақаллияти қавмӣ ва занон ташкил карда нашавад.
«Агар намояндагони “Толибон” дар Давҳа ва Покистон омода бошанд, ки он чизеро, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб мекунад ва ниёзҳои мардуми Афғонистонро қонеъ мекунад, қабул кунанд, пас мо сулҳу амният хоҳем дошт» -гуфт Ағбар.
Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, дар бораи шумораи ҷонибдорони муқовимат дар ин вилоят маълумот нест, ҷангиёни “Толибон” то ҳол талош накардаанд, ки ба дараи душворгузари Панҷшер, ки дорои ҳудуди муҳофизатии табиӣ аст, ҳамла кунанд.
АКС: © Sputnik / Амир Исоев








Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт






