NYT: Афғонҳо дар вилояти Панҷшер аз Толибон ҳукумати фарогир талаб доранд

Август 19, 2021 10:56

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Афғонҳо дар вилояти Панҷшер ҳаракати радикалии Толибонро (дар Тоҷикистон, Русия ва дигар давлатҳо мамнӯъ) мақоми қонунӣ эътироф намекунанд ва розианд, ки танҳо ба ҳукумати фарогир тобеъ шаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад,  дар ин бора The New York Times рӯзи чоршанбеи 18 август бо истинод ба Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар хабар дод. (ДАР АКС).

Ба гуфтаи ӯ, ноиби президенти ҷумҳурӣ Амруллоҳ Солеҳ ва Аҳмад Масъуд — писари собиқ вазири мудофиаи кишвар ва фармондеҳи саҳроии афғонҳо, бо тахаллуси шери Панҷшер тайёранд бо Толибон мубориза баранд, агар Ҳукумат дар Афғонистон бо назардошти намояндагони ҳамаи ақаллияти қавмӣ ва занон ташкил карда нашавад.

«Агар намояндагони “Толибон” дар Давҳа ва Покистон омода бошанд, ки он чизеро, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб мекунад ва ниёзҳои мардуми Афғонистонро қонеъ мекунад, қабул кунанд, пас мо сулҳу амният хоҳем дошт» -гуфт Ағбар.

Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, дар бораи шумораи ҷонибдорони муқовимат дар ин вилоят маълумот нест, ҷангиёни “Толибон” то ҳол талош накардаанд, ки ба дараи душворгузари Панҷшер, ки дорои ҳудуди муҳофизатии табиӣ аст, ҳамла кунанд. 

АКС: © Sputnik / Амир Исоев

Август 19, 2021 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад