ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда пешбинӣ шудааст

Август 25, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва  рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 2+7 ва рӯзона  14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24  ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона  28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  15+17  ва рӯзона 36+38  дараҷа гарм мешавад.

Август 25, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ