ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Август 28, 2021 08:37

ДУШАНБЕ, 28.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва  рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 2+7 ва рӯзона  12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти шарқ бо суръати  4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22  ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22  ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона  25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  14+16  ва рӯзона 35+37  дараҷа гарм мешавад.

Август 28, 2021 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво 16 дараҷа гарм мешавад
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад