Олмон ба Тоҷикистон ва Узбекистон ваксинаҳои AstraZeneca мефиристонад

Август 10, 2021 13:01

ДУШАНБЕ, 10.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи Девони Вазирони Олмон Улрике Деммер (Ulrike Demmer) дирӯз, 9 август зимни брифинг гуфт, ки Олмон ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ 30 миллион вояи ваъдакардаи ваксинаи коронавирус кумак мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Deutsche Welle менависад.

«Чуноне шумо медонед, Олмон 21 май дар Саммити ҷаҳонии тандурустӣ эълом дошт, ки то охири сол, пеш аз ҳама, ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ҳадди аққал 30 миллион вояи ваксина медиҳад» -гуфт ӯ.

«Олмон ин вояҳоро асосан тавассути ташаббуси COVAX интиқол додааст»,-афзуд Деммер.

Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи ваксинаи ширкати AstraZeneca меравад, ки акнун ба Афғонистон, Судон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эфиопия ворид мегардад.

COVAX механизми байналмилалӣ аст, ки СҶТ дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди ҷаҳонии ваксинаҳо ва иммунизатсия ва эътилофи навовариҳо барои омодагӣ ба эпидемия баровардааст. Он таъсиси иқтидори истеҳсолиро дастгирӣ мекунад ва харидро анҷом медиҳад. Дар мувофиқа бо шартҳои барномаи кишварҳои пешрафта барои хариди ваксинаҳо ба давлатҳои дар ҳоли рушдбуда, пардохт мекунанд. Тибқи нақшаҳо, то охири соли 2021 бояд 2 миллиард вояи ваксинаҳо истеҳсол ва ба тамоми ҷаҳон баробар тақсим карда шавад.

 

ДАР АКС: намояндаи Девони Вазирони Ҷумҳурии Федералии Олмон Улрике Деммер. Акс аз манбаъҳои боз

Август 10, 2021 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон