«Ояндаи бидуни пластик». Таҳти чунин унвон дар Хуҷанд ҳамоиши экологӣ доир шуд

Август 6, 2021 10:32

ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ояндаи бидуни пластик» — таҳти чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагону кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ, мағозаҳои калони хӯроквории шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, коргоҳи коркарди дубораи партовҳои пластикии «Тоҷпет» ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. 

Зикр шуд, ки таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист муаммои экологии даҳсолаи охир дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар айни замон хусусияти  глобалӣ пайдо кардааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш қадамҳои нахустин дар роҳи иваз кардани  халтаҳои полиэтиленӣ ба халтаҳои аз лиҳози экологӣ тоза ва дастгирии истеҳсолоти хурд барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист, аҳамияти коркарди такрории партовҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба бехатарӣ ва амнияти экологии инсон, беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии муҳити зист равона гардидаанд, баррасӣ шуданд.

Ҳамоиши мазкур яке аз роҳҳои иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» буда, дар ҷараёни он масъалаҳои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва рушди тарбияи наврасону ҷавонон муҳокима гардиданд.

 

Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ

Август 6, 2021 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад