Пагоҳ бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 20-21 август баргузор мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ин давр дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Душанбе бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол-и шаҳри Душанбе бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан вомехӯранд.
14-15 август бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир гардида буданд. Дар ин давр дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар майдони худ аз дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:2 пирӯз шуд. Голҳои дастаи ғолибро Илҳом Баротов ва Ҷаҳонгир Сафаров, голи дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро Абдухалил Боронов ба нишон расониданд.
Ду бозӣ миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби мусовӣ 0:0 анҷом ёфт. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Бозингари дастаи меҳмон Азизбек Султонов дар дақиқаи 7 аз пеналтӣ ҳисобро кушод. Ба ин гол дастаи мизбон тавассути зарбаҳои нишонраси Ҷаҳонгир Эргашев, Мубинҷон Муъминов ва Аҳрор Иноятов бо се гол ҷавоб доданд. Дар бозии дигар дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба дарвозаи дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар шаш голи беҷавоб зад. Рустам Соиров ду гол, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Ҷалилов, Ваҳдат Ханонов, Шервонӣ Мабатшоев якголӣ заданд.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии понздаҳ даври Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 29 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки нисбат ба дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 27 хол дар ҷои дуюм аст. Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо 25 хол дар ҷои сеюм мавқеъ дорад.
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
| 1 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 14 | 9 | 2 | 3 | 29-14 | 29 |
| 2 | «Истиқлол» (Душанбе) | 12 | 8 | 3 | 1 | 32-6 | 27 |
| 3 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 15 | 7 | 4 | 4 | 18-13 | 25 |
| 4 | «Эсхата»(Хуҷанд) | 15 | 7 | 2 | 6 | 25-28 | 23 |
| 5 | «Равшан»(Кӯлоб) | 14 | 4 | 6 | 4 | 16-16 | 18 |
| 6 | «Хатлон» (Бохтар) | 15 | 4 | 5 | 6 | 15-22 | 17 |
| 7 | КМВА (Душанбе) | 15 | 3 | 6 | 6 | 16-21 | 15 |
| 8 | «Душанбе»(Душанбе) | 15 | 3 | 6 | 6 | 18-29 | 15 |
| 9 | «Файзканд»(Восеъ) | 14 | 3 | 4 | 7 | 11-19 | 13 |
| 10 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 15 | 3 | 4 | 8 | 19-31 | 13 |








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






