Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 03.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Никол Воваевич,
Лутфан табрикоти ин ҷонибро ба муносибати таъин гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон қабул фармоед.
Тоҷикистон муносибатҳои шарикӣ бо Арманистонро қадр менамояд ва мо омодаем, ки ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандамонро дар ҳамаи самтҳо рушди афзоишёбанда диҳем.
Итминон дорам, ки ҳамкориҳои зичу гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон бо такя ба анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва бо дарназардошти манфиатҳои ду давлат боз ҳам рушд хоҳанд кард.
Ба Шумо, муҳтарам Никол Воваевич, сиҳатмандӣ ва дар фаъолиятатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».








Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






