Понздаҳ муштзани ҷавони тоҷик пас аз ғалаба бар ҳарифонашон ба нимфинали Чемпионати Осиё роҳ ёфтанд

Август 24, 2021 10:31

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Давоми 4 рӯзи оғози  Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабӣ муҳорибаҳои даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал баргузор шуданд, ки дар натиҷа 15 муштзани ҷавони мо ба нимфинал роҳ ёфтанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо такя ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.

Тавре қаблан хабар додем, дастаи мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 21 нафар ба Дубай сафарбар гардидааст. Миёни наврасон Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-50кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷабборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг); миёни ҷавонон Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51кг), Искандарбек Рустамов (-54кг), Абубакр Муродов (-57кг), Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Сироҷиддин Ҳоҷибоев (-67кг) ва Дурандеш Зубайдов (-80кг) дар нимфинал муҳорибаро идома медиҳанд. Муҳорибаҳо аз рӯи 51 категорияи вазнӣ (писарону духтарон) сурат гирифта, то 30 август идома меёбанд.

Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, бори аввал аст, ки чемпионат миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Дар он 268 варзишгари соли таваллудашон 2003-2004 миёни ҷавонон ва 2005-2006 миёни наврасон аз 18 давлати қора иштирок доранд.

Хотиррасон мешавем, ки бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим мегардад. Варзишгароне, ки миёни ҷавонон медали тилло ба даст меоранд, ҳамчунин 6000 доллари ИМА ҷоизапулӣ хоҳанд гирифт. Барои медали нуқра 3000 доллар ва барои медали биринҷӣ 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Ҷоизадорон миёни наврасон мутаносибан бо 4000 доллари ИМА, 2000 доллар ва 1000 доллар сарфароз мегарданд.                                                                  

                                                                            АКС  аз КМО Тоҷикистон

Август 24, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд