Саидмурод Фаттоҳзода ва Эмре Зеки Карагёл ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории парлумонии Тоҷикистону Туркия ва дигар соҳаҳо баррасӣ шуд.
Саидмурод Фаттоҳзода иброз намуд, ки таърихи муносибати дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия решаҳои қадимӣ дорад. Ҳар ду кишварро риштаҳои бародарӣ ва мероси муштараки фарҳангӣ пайванди ногусастанӣ додааст.
«Имрӯз байни кишварҳои мо муносиботи анъанавии эътимод ба якдигар вуҷуд дорад. Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкории байнидавлатӣ бо Туркия баҳои баланд дода, дар оянда низ аз тамоми имконоти мавҷуда бо такя ба таҷрибаи доштаамон дар самти ҳамкорӣ истифода хоҳем кард»,-афзуд ӯ.
Ҳамчунин мавсуф зикр кард, ки ҳамкории дуҷонибаи кишварҳои мо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтааст. Дар масъалаи таҳкими муносибот ва густариши равобити дуҷониба нақши асосиро Сарони ду кишвар мебозанд. Ба ин дар бештари мавридҳо гуфтугуи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунад. Шаҳодати ин гуфтаҳо сафарҳои муштарак ва мулоқоти мунтазами Сарони кишварҳоямон ва намояндагони баландмақоми ду давлат дар майдонҳои гуногуни байналмилалӣ мебошад.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳҳои парлумон ва ҳукумат ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Байни парлумонҳои кишварҳоямон гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ таъсис дода шудаанд. Ин бештар ба тақвияти ҳарчи бештари ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои гуногун мусоидат менамояд.
Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин тазаккур дод, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия дар арсаи сиёсӣ ба сатҳи зарурии инкишоф расидааст. Байни ду кишвар ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда шудааст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл ин мулоқотро барои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо муҳим арзёбӣ кард.
Дипломати туркӣ таъкид кард, ки Тоҷикистону Туркия дар самти фаъолияти парлумонӣ аз таҷрибаҳои кофӣ бархӯрдор ҳастанд ва парлумонҳои кишварҳои моро мебояд аз ин таҷрибаи ғании якдигар ба таври самарабахш истифода намоянд.
«Ҷумҳурии Туркия ҳамеша ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо инкишофи пайгиронаи ҳамкории иқтисодиро бо Тоҷикистон аз ҷумлаи афзалияти аввалиндараҷа медонем», -гуфт дар анҷоми мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл
АКС аз Маҷлиси намояндагон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






