Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба як гурӯҳ кормандони гуногункасб мукофотҳои давлатӣ супорид

Август 27, 2021 13:24

ДУШАНБЕ, 27.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардонида шуда буданд, супорид.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар чорабинии тантанавӣ ҳозиринро бо фаро расидани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ таҳният гуфта, зикр намуд, ки ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонидани шаҳрвандон нишони олии қадрдонӣ аз заҳмату талошҳои онҳо баҳри пойдории Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ, имрӯз 147 нафар бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 28 нафар бо медали Хизмати шоиста, 115 нафар бо медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», як нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва як нафари дигар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Ҳукумати мамлакат пайваста хизмати онҳоеро қадрдонӣ менамояд, ки дар тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ҳифз намудан ва эҳё сохтани анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои мардумӣ ва пешрафти илму фарҳанг саҳми арзанда мегузоранд.

Аз саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бармеояд, ки мардуми соҳибдавлати тоҷик дар ҳама давру замон ба хотири ободии диёр, ҳимояи марзу буми он ва раҳоӣ ёфтан аз мушкилот ҳамеша сарҷамъу муттаҳид шуда, Ватани худро соҳибӣ кардаанд ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшидаанд.

Сӣ сол қабл ҳамаи мо шоҳиди барқарор гардидани адолати таърихӣ дар тақдири халқи созандаи худ шудем, ки чӣ гуна мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири гузоштани пойдевори давлати навини соҳибистиқлолу демократӣ паҳлуи ҳамдигар истода, то ба имрӯз барои пешрафту ободии он содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.

Дар ин давра ҳар фарди соҳибмаърифату ватандӯсти кишвар ҷиҳати бунёд намудани давлати пояндаву обод қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Яке аз беҳтарин намунаҳои заҳмату талошҳои аҳлонаи халқи Тоҷикистон дар давраи истиқлол барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкиму тақвияти давлату давлатдории миллӣ ва сарҷамъиву ваҳдат мебошад.

Ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ нишонаи имондорӣ буда, ҳар фард бо анҷом додани қарзу рисолати шаҳрвандӣ дар назди миллат ва давлати худ сарбаланд мемонад.

Воқеан, таҷлили ҷашнҳои милливу давлатӣ ва эҳёи суннату анъанаҳои мардумӣ имконият медиҳад, ки наслҳои имрӯза бо асли худ ифтихор намоянд ва бо неруи дучанд ба фардои неку босаодат қадамҳои устувор гузоранд.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯз ба бахти баланди миллати тоҷик сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии кулли сокинони мамлакат таҷлил мешавад.

Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст ва аз ҳар нафар саъю талош, нангу номус ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ талаб мекунад.

Дар охир Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъкид намуданд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатӣ дар назди ҳар нафар масъулияти дучанд гузошта, ӯро ҳамчун фарзанди содиқи ватан ба ободу зебо гардонидан ва ҳимоя кардани шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ водор месозад.

Август 27, 2021 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд