Шаҳрвандони Федератсияи Русия дар интихоботи Думаи давлатӣ метавонанд дар ду шаҳри Тоҷикистон овоз диҳанд
ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, метавонанд дар интихоботи вакилони Думаи давлатӣ, ки 19 сентябри соли 2021 дар ду шаҳри Тоҷикистон — Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешавад, овоз диҳанд. Тавре дирӯз, 26 август аз маркази матбуоти Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 8:00 то 20:00 (аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти Душанбе) кор хоҳанд кард.
«Ҳама шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор дошта, ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, дар ин рӯз (19 сентябри соли 2021) ба қитъаҳои интихоботии Душанбе дар бинои Маркази илм ва фарҳанги Русия ва дар шаҳри Хуҷанд дар бинои Консулгарии генералии Федератсияи Русия даъват карда мешаванд»,- гуфта мешавад дар иттилоияи намояндагиҳои дипломатӣ.
Хадамоти матбуот зикр мекунад, ки ҳангоми рафтан ба қитъаҳои интихоботӣ риояи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, аз ҷумла пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ зарур аст.
ДАР АКС: дар Душанбе дар бинои Маркази илму фарҳанги Русия як қитъаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Акс: © Sputnik








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






