Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»
ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Зимни суҳбати телефонӣ ҷонибҳо мушкилоти Афғонистонро баррасӣ намуда, бо нигаронӣ рушди кунунии вазъи буҳронӣ дар ин кишварро зикр карданд.
Шарл Мишел дар саҳифаи худ дар «Твиттер», аз ҷумла зикр намудааст: «Ман бо Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи Афғонистон ва пайомадҳои он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин изҳороте, ки ба наздикӣ Ҳукумати Тоҷикистон эълон дошт, мубодилаи афкор намудам.
Мо ҳамчунин дар хусуси таъсиси ҳукумати намояндагӣ ва фарогир дар Афғонистон, инчунин оид ба аҳамияти ҳамкории ду чониб дар идоракунии сарҳади Осиёи Марказӣ чиҳати мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расидем. Мо бесаброна интизори мулоқот бо Ҷаноби Олӣ дар моҳи октябр дар Брюссел ҳастем».









Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!






