СОVID-19: Дар шаҳри Гулистон корҳои тарғиботӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар/. Дар мавзеъҳои истироҳатӣ «Сайёд», «Баҳористон», «Шифо» ва маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон аз ҷониби кормандони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон аксия гузаронида шуда, барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз интиқоли бемории сироятии СОVID-19 ба сокнинон ва истироҳаткунадагон маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Ин тадбир бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемкӣ барои пешгирии интиқоли бемории сироятии СОVID-19 андешида шудааст, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Тибқи хабари манбаъ дар ҷараёни аксия ба самъи соҳибмулкони истироҳтагоҳҳо расонида шуд, ки барои пешгирии интиқоли бемории сироятии СОVID-19 дар ҷойҳои корӣ назоратро пурзӯр намоянд. Ҳамзамон, бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши ғарқшавии шаҳрвандон дар обутобгоҳҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ дар байни аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






