Станислав Зас: СААД ба Афғонистон неру намефиристад
ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ /СААД/ Станислав Зас ба шабакаи телевизионии СТВ-и Беларус гуфтааст, ки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ нияти ба Афғонистон фиристодани неруро надорад.
«Оё Афғонистон қапқон нахоҳад шуд, оё дубора ба он ҷо фиристодани низомиён лозим намешавад? Албатта не. Инҳо тарсҳои комилан беасосанд».
Котиби генералӣ афзуд, ки СААД созмони сиёсӣ-низомӣ ва дифоӣ мебошад.
«Дар шартномаи амнияти дастҷамъӣ, оиннома истифодаи қувваҳои дифоии дастҷамъиро танҳо дар доираи минтақаи масъулияти СААД, яъне дар ҳудуди кишварҳои мо пешбинӣ мекунад», — ёдовар шуд Зас. Вай ба натиҷаҳои нишасти охири СААД оид ба Афғонистон дахл намуда, гуфт, ки ин созмон маҷмӯи тадбирҳоеро барои коҳиши таҳдидҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳия кардааст.
«Вазъият дар он ҷо тағйир меёбад ва инро бояд дар фаъолияти мо бодиққат омӯхт ва ба назар гирифт, аз ҷумла дар самти мубориза бо ин таҳдидҳо, ки аз байн нарафтаанд ва қисман баръакс — амалӣ шудаанд», — хулоса кард Дабири кулли СААД.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 раёсати СААДро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) 16 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси СААД, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
АКС: BelaPAN /Сергей Балай








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






