Тақдими «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» ба Сарвари давлат ифтихори миллат аст
ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҳамоиши табрикӣ бо иштироки кормандони вазорат ва зерсохторҳои он ба ифтихори ба нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»- мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ оданд.
Тибқи хабари манбаъ Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода аз номи роҳбарияти вазорат ҳамаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат, муассисаҳои зертобеи он ва иқтисоддонҳо нахустин мукофоти олии фахри миллати тоҷикро мубораку шодбош гуфта, зикр намуд, ки ин ҷоиза аз ҷониби ҷомеаи Осиёи Марказӣ қадрдонӣ намудани хизматҳои шоиста ва дастовардҳои назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва сулҳу амният дар минтақа, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар ҳамоиш кормандони вазорат изҳор намуданд, ки аз ин мукофоти олӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиши бештар менамоянд. Бояд зикр кард, ки нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ тақдим намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






