ТАСС: Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки Душанбе танҳо хамон ҳукуматеро эътироф менамояд, ки фарогири ҳамаи мардуми Афғонистон бошад

Август 26, 2021 12:06

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Душанбе танҳо он ҳукумати Афғонистонро эътироф мекунад, ки тавассути муколамаи фарогир бо назардошти мавқеи ҳама ақаллияти миллӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 25 август, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, изҳори назар намуданд, хабар додааст ТАСС.

«Тоҷикистон ҳеҷ як ҳукумати дигареро, ки дар ин кишвар тавассути зулму таъқиб ва бе назардошти мавқеи тамоми мардуми Афғонистон, хусусан ҳама ақаллияти миллии он таъсис ёфтааст, эътироф намекунад»,- иқтибос меорад ин суханҳои Эмомалӣ Раҳмонро  Хадамоти матбуотии Президент. Ба қавли Президенти Тоҷикистон,  тоҷикон бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон мақоми шоистаро ишғол кунанд.

Ба гуфтаи Сарвари давлати Тоҷикистон, Афғонистон бояд ҳарчӣ зудтар ҳукумати фарогир таъсис диҳад. «Тоҷикистон таъкид мекунад, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсӣ ва масъалаҳои амниятӣ кишвари ҳамсояро зарур аст, ки ҳарчи зудтар бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, пеш аз ҳама, тамоми тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи аҳолии ин давлатро ташкил медиҳанд, ҳукумати фарогир таъсис диҳад»,-гуфтанд Пешвои миллат.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки сохтори давлатии Афғонистон бояд дар раъйпурсӣ бо дарназардошти мавқеи ҳамаи шаҳрвандони он муайян карда шавад.

                    АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 26, 2021 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон