ТАСС: Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки Душанбе танҳо хамон ҳукуматеро эътироф менамояд, ки фарогири ҳамаи мардуми Афғонистон бошад
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Душанбе танҳо он ҳукумати Афғонистонро эътироф мекунад, ки тавассути муколамаи фарогир бо назардошти мавқеи ҳама ақаллияти миллӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 25 август, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, изҳори назар намуданд, хабар додааст ТАСС.
«Тоҷикистон ҳеҷ як ҳукумати дигареро, ки дар ин кишвар тавассути зулму таъқиб ва бе назардошти мавқеи тамоми мардуми Афғонистон, хусусан ҳама ақаллияти миллии он таъсис ёфтааст, эътироф намекунад»,- иқтибос меорад ин суханҳои Эмомалӣ Раҳмонро Хадамоти матбуотии Президент. Ба қавли Президенти Тоҷикистон, тоҷикон бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон мақоми шоистаро ишғол кунанд.
Ба гуфтаи Сарвари давлати Тоҷикистон, Афғонистон бояд ҳарчӣ зудтар ҳукумати фарогир таъсис диҳад. «Тоҷикистон таъкид мекунад, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсӣ ва масъалаҳои амниятӣ кишвари ҳамсояро зарур аст, ки ҳарчи зудтар бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, пеш аз ҳама, тамоми тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи аҳолии ин давлатро ташкил медиҳанд, ҳукумати фарогир таъсис диҳад»,-гуфтанд Пешвои миллат.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки сохтори давлатии Афғонистон бояд дар раъйпурсӣ бо дарназардошти мавқеи ҳамаи шаҳрвандони он муайян карда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Дар Душанбе дар мавзуи муқовимат ба экстремизм ва терроризм конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






