ТАСС: Покистон аз таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 / АМИТ «Ховар» /. Исломобод аз таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми халқҳои муқими ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Ба гузориши ТАСС, дар ин бора дирӯз, 25 август Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ (ДАР СУРАТ) дар мулоқоташ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуд. «Покистон ҷонибдори таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст, ки дар он намояндагони тамоми халқҳо метавонанд фаъолона ширкат варзанд», хабар медиҳад Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» аз қавли Қурейшӣ.
Вазири умури хориҷии Покистон, ки бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд, таъкид кард, ки дар қаламрави Афғонистон ақаллияти мухталифи миллӣ умр ба сар мебаранд. Қурейшӣ ҳамчунин зикр намуд, ки дар мулоқоташ бо Сарвари Тоҷикистон вазъи кунунии Афғонистон ва таъмини амнияти минтақаро баррасӣ намуданд. «Ҷониби Покистон мавқеи худро дар ин бора баён кард»,- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷии Покистон, тағйирёбии вазъ дар Афғонистон метавонад дар оянда ба кишварҳои ҳамсоя таъсири ҷиддӣ расонад. Вай афзуд, ки сулҳу субот дар Афғонистон метавонад барои таъмини амнияти минтақа кумак кунад ва зарур аст, ки ҳама ҷонибҳои манфиатдор ояндаи ин кишварро якҷоя баррасӣ намоянд. Қурейшӣ таъкид кард, ки ӯ бо як фармони вижаи Сарвазири Покистон Имрон Хон барои шунидани назари ҷониби Тоҷикистон ва тавсияҳои Роҳбари Тоҷикистон дар ин масъала ба Душанбе омадааст. «Ҷониби Тоҷикистон нигарониҳои худро дар бораи вазъи кунунии Афғонистон пешниҳод кард, ки ман онро ба Сарвазир мерасонам», — гуфт ӯ.
Субҳи чоршанбе Қурейшӣ бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ мулоқот кард.
Ёдовар мешавем, ки Сарвазири Покистон Имрон Хон моҳи сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад ва ҳамчунин дар нишасти солонаи СҲШ, ки қарор аст 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор шавад, ширкат хоҳад кард.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






