ТАСС: Покистон аз таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад

Август 26, 2021 11:48

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 / АМИТ «Ховар» /. Исломобод аз таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми халқҳои муқими ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Ба гузориши ТАСС, дар ин бора дирӯз, 25 август Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ (ДАР СУРАТ) дар  мулоқоташ  бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  изҳори назар намуд. «Покистон ҷонибдори таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст, ки дар он намояндагони тамоми халқҳо метавонанд фаъолона ширкат варзанд», хабар медиҳад Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» аз қавли Қурейшӣ.

Вазири умури хориҷии Покистон, ки бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд, таъкид кард, ки  дар қаламрави Афғонистон ақаллияти мухталифи миллӣ  умр  ба сар мебаранд. Қурейшӣ ҳамчунин зикр намуд, ки   дар мулоқоташ  бо Сарвари Тоҷикистон вазъи кунунии Афғонистон ва таъмини амнияти минтақаро баррасӣ намуданд. «Ҷониби Покистон мавқеи худро дар ин бора баён кард»,- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Вазири  корҳои хориҷии Покистон, тағйирёбии вазъ дар Афғонистон метавонад дар оянда ба кишварҳои ҳамсоя таъсири ҷиддӣ расонад. Вай афзуд, ки сулҳу субот дар Афғонистон метавонад барои таъмини амнияти минтақа кумак кунад ва зарур аст, ки ҳама ҷонибҳои манфиатдор ояндаи ин кишварро якҷоя баррасӣ намоянд. Қурейшӣ таъкид кард, ки ӯ бо як фармони вижаи Сарвазири Покистон Имрон Хон барои шунидани назари ҷониби Тоҷикистон ва тавсияҳои Роҳбари Тоҷикистон дар ин масъала ба Душанбе омадааст. «Ҷониби Тоҷикистон нигарониҳои худро дар бораи вазъи кунунии Афғонистон пешниҳод кард, ки ман онро ба Сарвазир мерасонам», — гуфт ӯ.

Субҳи чоршанбе Қурейшӣ  бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ мулоқот кард.

Ёдовар мешавем, ки Сарвазири Покистон Имрон Хон моҳи сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад ва ҳамчунин дар нишасти солонаи СҲШ, ки қарор аст 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор шавад, ширкат хоҳад кард.

  АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Август 26, 2021 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Дар Душанбе дар мавзуи муқовимат ба экстремизм ва терроризм конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»