ТОЛИБОН ДИРӮЗ БА КОБУЛ ДАРОМАДА, ПАРЧАМИ ХУДРО БОЛОИ ҚАСРИ ПРЕЗИДЕНТ БАРАФРОХТАНД. Онҳо изҳор доштанд, ки ба Ашраф Ғанӣ пешниҳоди бо роҳи осоишта супоридани қудрат намуданд, аммо ӯ фирор кард

Август 16, 2021 07:30

ДУШАНБЕ, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷангҷӯёни «Толибон», тибқи иттилои шабакаи телевизионии Al Arabiya , рӯзи якшанбе бидуни ҷанг вориди Кобул шуда, ба ишғоли идорҳои давлатӣ, ки неруҳои ҳукуматӣ тарк кардаанд, шурӯъ намуданд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард. Баъдтар «Толибон» аз ташкили  назорат дар тамоми манотиқи пойтахти Афғонистон хабар доданд. Онҳо инчунин парчами худро дар болои қасри  президент дар Кобул баланд бардоштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Ҷунбиши радикалии «Толибон» (мамнӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия) ба президенти кунунии Афғонистон Ашраф Ғанӣ пешниҳод кард, ки қудратро бо роҳи осоишта диҳад, аммо ӯ аз кишвар фирор кард, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Ал Арабия рӯзи якшанбе.

«Мо ба президент Ғанӣ пешниҳод кардем, ки қудратро ба таври осоишта супорад, то холигии амниятӣ пешгирӣ карда шавад, аммо ӯ фирор кард»,-иқтибос мекунад шабакаи телевизионӣ аз гуфтаи намояндаи “Толибон”.

Қаблан хабарҳо пахш шуда буданд, ки Толибон аллакай ба шӯрои президентӣ шомил шудаанд ва ба гуфтаи онҳо, дар тӯли чанд соат назорати пурраи пойтахти Афғонистонро ба даст хоҳанд гирифт. Ба гузориши Ал Арабия, дар пасманзари ин ҳодисаҳо Толибон аз сокинони Кобул даъват мекунанд, ки ба хотири амният дар хонаҳои худ бимонанд.

Дар навбати худ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Афғонистон Абдул Саттор Мирзоқвал бо мақсади фурӯ нишондани иғвоҳо ва таъмини амнияти сокинони пойтахт аз соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ дар Кобул соати комендантӣ эълон кард.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳоло дар Уммон аст. Ин изҳоротро рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии Кобул дар “Твиттер” пахш кард.

СММ дар бораи вазъи Афғонистон изҳороти расмӣ омода мекунад. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи якшанбе аз дафтари дабири кулли ин созмони ҷаҳонӣ хабар доданд.

«Мо болои як изҳороти расмӣ кор карда истодаем», -гуфт мусоҳиби агентӣ  дар ҷавоб  ба саволи пешниҳодшуда.

                                                                                                                                                                   АКС аз бойгонӣ

Август 16, 2021 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад