ТОЛИБОН ДИРӮЗ БА КОБУЛ ДАРОМАДА, ПАРЧАМИ ХУДРО БОЛОИ ҚАСРИ ПРЕЗИДЕНТ БАРАФРОХТАНД. Онҳо изҳор доштанд, ки ба Ашраф Ғанӣ пешниҳоди бо роҳи осоишта супоридани қудрат намуданд, аммо ӯ фирор кард
ДУШАНБЕ, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷангҷӯёни «Толибон», тибқи иттилои шабакаи телевизионии Al Arabiya , рӯзи якшанбе бидуни ҷанг вориди Кобул шуда, ба ишғоли идорҳои давлатӣ, ки неруҳои ҳукуматӣ тарк кардаанд, шурӯъ намуданд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард. Баъдтар «Толибон» аз ташкили назорат дар тамоми манотиқи пойтахти Афғонистон хабар доданд. Онҳо инчунин парчами худро дар болои қасри президент дар Кобул баланд бардоштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Ҷунбиши радикалии «Толибон» (мамнӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия) ба президенти кунунии Афғонистон Ашраф Ғанӣ пешниҳод кард, ки қудратро бо роҳи осоишта диҳад, аммо ӯ аз кишвар фирор кард, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Ал Арабия рӯзи якшанбе.
«Мо ба президент Ғанӣ пешниҳод кардем, ки қудратро ба таври осоишта супорад, то холигии амниятӣ пешгирӣ карда шавад, аммо ӯ фирор кард»,-иқтибос мекунад шабакаи телевизионӣ аз гуфтаи намояндаи “Толибон”.
Қаблан хабарҳо пахш шуда буданд, ки Толибон аллакай ба шӯрои президентӣ шомил шудаанд ва ба гуфтаи онҳо, дар тӯли чанд соат назорати пурраи пойтахти Афғонистонро ба даст хоҳанд гирифт. Ба гузориши Ал Арабия, дар пасманзари ин ҳодисаҳо Толибон аз сокинони Кобул даъват мекунанд, ки ба хотири амният дар хонаҳои худ бимонанд.
Дар навбати худ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Афғонистон Абдул Саттор Мирзоқвал бо мақсади фурӯ нишондани иғвоҳо ва таъмини амнияти сокинони пойтахт аз соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ дар Кобул соати комендантӣ эълон кард.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳоло дар Уммон аст. Ин изҳоротро рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии Кобул дар “Твиттер” пахш кард.
СММ дар бораи вазъи Афғонистон изҳороти расмӣ омода мекунад. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи якшанбе аз дафтари дабири кулли ин созмони ҷаҳонӣ хабар доданд.
«Мо болои як изҳороти расмӣ кор карда истодаем», -гуфт мусоҳиби агентӣ дар ҷавоб ба саволи пешниҳодшуда.
АКС аз бойгонӣ








Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд






