ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 11.3230 то 11.3400 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 11.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.3230 сомонӣ;
1 евро – 13.2672 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1534 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3230 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.2672 то 13.6000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1534 то 0.1535 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3800 то 9.4000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд






