Замони баргузории бозиҳои даври ҳаштуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 муайян шуд

Август 26, 2021 08:56

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 август бозиҳои даври ҳаштуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021   дар толорҳои варзишии мамлакат баргузор мешаванд, ки дар он дастаҳои футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, «Помир»-и шаҳри  Хоруғ бо  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва  «Пойтахт» бо «Самандар»-и шаҳри  Турсунзода миёни ҳам  рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш бозиҳои даври ҳафтуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021   баргузор  шуданд. Дар ин давр чемпиони феълии кишвар- дастаи футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ба дарвозаи дастаи  «Помир»-и шаҳри  Хоруғ 10 голи беҷавоб зад. Дар ҳайати дастаи  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд легионери гурҷистонӣ Нукри Чумбуридзе се тӯб зад ва ё хет-трик анҷом дод. Дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе низ ба ҳарифаш- дастаи «Самандар»-и шаҳри  Турсунзода ғолиб омада, 13 тӯб вориди дарвозааш намуд. Дар ҳайти дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе Фирӯз Сангов се тӯб ба нишон расонид.

Дар бозии дигар дастаи футзали  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бар дастаи «Пойтахт» бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Бо шарофати ду голи Самандар Ризомов ва голи Муҳаммадҷони Асламхон  дастаи футзали  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе соҳиби се хол шуд.

Пас аз натиҷагирии 7 даври Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дастаи «Сипар»-и  шаҳри Хуҷанд бо 22 хол пешсаф аст. Дастаи  футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, ки 19 хол дорад, дар ҷои дуюм қарор гирифтааст.

                                                                                                                               АКС аз ФФТ

Август 26, 2021 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд