Замони баргузории бозиҳои даври нуҳуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 муайян шуд
ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври нуҳуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 4 сентябр дар толорҳои варзишии мамлакат баргузор мешаванд. Дар даври навбатӣ дастаҳои футзали «Пойтахт» бо «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо «Помир»-и шаҳри Хоруғ миёни ҳам рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш дар бозии марказии даври ҳаштуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе дар сафар дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 4:2 мағлуб намуд. Дар ин вохӯрии ҷолиб голҳои дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанберо Руҳулло Исарӣ ва Файзалӣ Сардоров ба нишон расониданд. Голҳои дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷандро Муҳсин Муҳаммадӣ ба ҳадаф расонид.
Дастаи нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон – «Пойтахт» пирӯзии дуюмашро дар ин мавсим ҷашн гирифт. Дар даври ҳаштум футболбозони пойтахт бар дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 7:5 ғалаба карданд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Хуршед Исломзода 3 гол, Баҳодур Юлдошев ду гол заданд. Дар бозии дигар дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Помир»-и шаҳри Хоруғ бо ҳисоби 4:2 зафар ёфт. Голҳои дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо Абдуқаюм Умаров (2 гол), Некрӯз Идиев ва Самандар Ризомов ба нишон расониданд.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии ҳашт даври бозиҳо дастаҳои футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ва «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бо 22-холӣ пешсафанд. Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 13 хол дар ҷои сеюм мавқеъ дорад.
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






