Замони баргузории бозиҳои даври понздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Август 12, 2021 09:17

ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври понздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 14-15 август  баргузор хоҳанд шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

14 август «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва 15 август «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо  КМВА-и шаҳри Душанбе, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо   «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  байни ҳам рақобат мекунанд. 

Бояд тазаккур дод, ки пас аз натиҷагирии чордаҳ давр дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 28 хол аз 13 бозӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки нисбат ба дастаи  «Хуҷанд» ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 24 хол дар ҷойи дуюм мебошад. Ду дастаи дигари вилояти Суғд – «Истаравшан» (22 хол) ва «Эсхата» (20 хол) мутаносибан дар ҷойҳои сеюм ва чорум мавқеъ гирифтаед.

 

 ДАСТАҲО         Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х 
 1  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  13  9  1  3  29-14  28
 2  «Истиқлол» (Душанбе)  11  7  3  1  26-6  24
 3 «Истаравшан» (Истаравшан)  14  6  4  4  16-12  22
 4  «Эсхата» (Хуҷанд)  14  6  2  6  22-27  20
 5  «Равшан»(Кӯлоб)  13  4  5  4  16-16  17
 6  «Хатлон» (Бохтар)  14  4  5  5  15-16  17
 7  КМВА (Душанбе)  13  3  5  6  13-21  14
 8 «Душанбе»(Душанбе)  14  3  5  6  18-29  14
 9  «Файзканд» (Восеъ)  13  3  4  6  10-17  13
 10 «Куктош» (Рӯдакӣ)  14  3  4  7  18-28  13

 

 

АКС: ФФТ

Август 12, 2021 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд