Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2021 12:50

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар толори Кохи Борбад ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Тантанаи бошукӯҳи идона бо ворид шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони идораҳои давлатӣ, фаъолону собиқадорони ҷумҳурӣ, ҷавонон, намояндагони сершумори кормандони касбу кори гуногун ва сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон иштирок карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикии худ истиқлоли давлатиро бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон маънидод карда, аҳли толор ва мардуми кишвар, ҳамчунин кулли ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо солгарди 30-юми ин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфтанд.

Зимни суханронии пурмуҳтавои хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои тамоми соҳаҳо, шуруъ аз давраи баъди ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт, барқарорсозии шохаҳои фалаҷгаштаи ҳокимият, қабули конститутсия ва рамзҳои давлатӣ, ислоҳоти соҳаҳо ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум, интихоби самтҳои асосию стратегӣ ва қабули барномаҳои давлатии стратегии рушд, андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ин рӯзи босаодат, яъне ҷашни сисолагии истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст.

Ноил шудан ба ҳамаи ин дастовардҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҳишу талошҳои мардуми тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар мансуб донистанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки маҳз татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва амалӣ гардонидани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шавад.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид.

Таъкид гардид, ки Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки баъдан тақдирсоз унвон гирифт, аҳаммияти таърихӣ дошта, барои пойдории сулҳу субот ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат саҳми муносиб гузошт. Давра ба давра миллати тоҷик соҳиби конститутсия ва парламенти касбии худ гардид ва дар асоси моддаву бобҳои бахтномаи миллат мардум роҳ ба суи фатҳу кушоишро пеш гирифт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар натиҷаи таъмин гардидани суботи макроиқтисодӣ даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 65,4 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд.

Яъне дар бист соли охир сатҳи камбизоатӣ зиёда аз се баробар паст гардид.

Дар ин давра шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион нафар то 9,7 миллион нафар, яъне беш аз 1,7 баробар зиёд шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,1 сол расид.

Соли 1991 умри миёнаи сокинони кишвар 70,1 солро ташкил мекард.

Суръати афзоиши миёнаи аҳолӣ дар давоми ин солҳо 2,1 фоизро ташкил кард.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 1,4 миллион оила барои бунёди манзили истиқоматӣ 138 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд.

Яъне беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Тоҷикистон тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ дар даҳ соли охир чор маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дар самти пешбурди соҳибкориву сармоягузорӣ дохил гардид. Соҳибкорони мо, махсусан, ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30 — солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар бунёди беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ саҳм гузоштанд, ки ин ба ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, авзои мураккаби сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон, таъсири он ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавқеъи ягонаву устувори Тоҷикистонро муайян карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳон, кулли кишварҳои сайёра ва ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар қатъиян талаб карданд, ки нисбат ба тақдири мардуми ҷангзадаи афғон бетараф набошанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрику муборакбод гуфта, таъкид доштанд, ки бояд мардуми тоҷик Истиқлолияти давлатӣ ва давлати мустаъқили Тоҷикистонро неъмати бебаҳо шумурда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳамеша пос доранд.

Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон — истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем, таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барномаи рангини консертии устодони санъати тоҷик, ки таҷассумгари дастовардҳои мардуми шарифи тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолӣ буд, хотима бахшид.

Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 08.09.2021

Сентябрь 8, 2021 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Кувайт ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар Истаравшан 28 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад