Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон
ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баъди анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар толори Зарандуди Кохи Наврӯз дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД ва СҲШ мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон баргузор гардид.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб намуданд.
Дар мулоқот оид ба қазияи Афғонистон ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, суханронӣ карданд.
Сарони давлатҳои Русия Владимир Путин, Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пас аз анҷоми кори ҳамоишҳои сатҳи олӣ аз руи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






