Абдуллои Раҳнамо, сиёсатшинос: «Агар терроризм бад буд, пас чаро имрӯз якбора таърифаш дигар шудааст?!»
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем», — чунин изҳор намуданд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли равон зимни суханронӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамчунин дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, таъкид доштанд, ки «вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад».
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшиноси тоҷик Абдуллои РАҲНАМО доир ба мавқеъгирии Тоҷикистон ба масъалаи Афғонистон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳори назар намуд:
-Он мавқее, ки имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи Афғонистон гирифтаанд, чанд ҷанбаи бисёр хос дорад, ки ба он бояд таваҷҷуҳ кунем.
Аввал он ки ин на танҳо мавқеи расмии як давлат, балки дар айни замон ҷуръати бузург ва ҷасорати беназир буд. Ҳамчунин ин мавқеи фаротар аз мавқеи як Президент буд, чунки мо ин ҷо на танҳо ҳамчун як давлат, балки ҳамчун як миллат, ҳамчун як ҳувият амал намудем. Зеро дар ин ҷо масъалаи сарнавишти ҳамватанони мо дар миён буд.
Мавқеъгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун инсон бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро тамоми он арзишҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун арзишҳои тамаддуни башарӣ матраҳ мекунад, пеши пои толибон партофта шуд. Пирӯзии толибон дар асл — ин пирӯзии ҷаҳолат бар хирад, пирӯзии ҷоҳилона бар арзишҳои мутамаддин мебошад. Барои ҳамин дар ин ҷо мавқеъгирии Тоҷикистон чун мавқеъгирии мутамаддини инсонӣ аҳамияти хеле зиёд дорад.
Аз назари ҳуқуқи башарӣ ин бисёр мавқеи дуруст буд. То рӯзи пирӯзии толибон ҳамаи кишварҳо ҳамин ҳарферо мегуфтанд, ки Тоҷикистон гуфт. Яъне, ҳам дар музокироти Давҳа ва ҳам дар дигар равандҳо гуфта мешуд, ки пас аз иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон Ҳукумати муваққатии фарогир бояд таъсис ва ҳуқуқи ҳама ба назар гирифта шавад. Яъне, мавқее, ки Тоҷикистон баён кард, дар ин ҷо бисёр шарофатмандона буд, зеро дар ҳоле, ки ҳомиёни ин ҳуқуқҳо таслим шуданд, дар назди ин воқеяти нав танҳо Тоҷикистон ба усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ содиқ монд.
Масъалаи Афғонистон бисёр печида ва васеътар аз худи ҷуғрофиёи Афғонистон мебошад. Агарчи мо ин масъаларо бо номи масъалаи Афғонистон ё буҳрони Афғонистон ном мебарем, вале дар асл он ҷо бархӯрди манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологии амниятӣ ва қавмии баъзе қудратҳои минтақавию байналмилалӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараён аст.
Ҳарчанд ин ҳодисаҳо дар сарзамин ё ҷуғрофиёи Афғонистон идома доранд, вале он дар асл буҳрони фаротар аз Афғонистон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалист. Таваҷҷуҳи бузурге, ки ба ин буҳрон дар сатҳи расонаҳо, марказҳои таҳлиливу сиёсӣ зоҳир мешавад, ба ин сабаб аст, ки ҷанги ниёбатӣ аз тарафи қудратҳост ва сабабгори асосии ин буҳронҳо, ки боиси идома ёфтани он мешаванд, худи манфиатҷӯйӣ ва баҳсу муқобилаву бархӯрди манфиатҳои қудратҳои гуногун аст.
Нуктаи бисёр муҳими дигар ин аст, ки он чи дар Афғонистон рух дод ва гузашта истодааст, тамоми муносибатҳои байналмилалӣ, усулҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонбинии имрӯзаро тағйир медиҳад.
Имрӯз тамоми мафҳумҳо баръакс шудаанд, зеро «Толибон», ки ҳамчун гурӯҳи террористӣ дар рӯйхати расмии СММ, ИМА, СҲШ ва СААД эътироф ва фаъолияташ мамнуъ шуда буду роҳбаронаш дар сархати рӯйхатҳо ва ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор доранд, имрӯз аз сӯйи баъзе кишварҳое, ки худашон ташаббускори чунин рӯйхат ва чунин мубориза буданд, эътироф мешавад. Имрӯз ҳамон мафҳуми асосии амнияти байналмилалӣ, ки моҳияти он мубориза бо терроризм буд, аз сӯйи бархе кишварҳо зери савол бурда мешавад. Агар ин гурӯҳи террористиро ҳамчун ҳукумат ба расмият шиносанд, пас имрӯз ин савол дар зеҳни ҳар шахс- сиёсатшинос ё мутахассис ва ё ҳар инсони дигар чарх мезанад, ки «агар терроризм бад буд, пас чаро имрӯз якбора таърифаш дигар шудааст?».
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Аҷдодони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим соҳиби парчам будаанд
Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳадафи сулҳу оштӣ ва ҳамзистии осоишта ҷавлон мезанад
Пешвои миллат: «Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, худшиносӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад»
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли гулкарам ба гирифторони бемориҳои ҷигар ва талхадон муфид аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна ангиштро дуруст истифода барем, то хатари заҳролудшавиро пешгирӣ кунем?
БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. Дар Тоҷикистон аз майдони кам метавон ҳосили баланди босифат ба даст овард
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли сиёҳдона дар зимистон хавфи гирифторӣ ба зукомро коҳиш медиҳад
ФАЗОИ ТОҶИКРО ОЯНДАИ ДУРАХШОН ИНТИЗОР АСТ. Назари коршинос дар хусуси рушди авиатсияи тоҷик






