«Ҳангжоу-2022» ҷадвали пешакии мусобиқоти Бозиҳои Осиёро нашр кард

Сентябрь 26, 2021 09:23

ДУШАНБЕ, 26.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин нашри ҷадвали мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоу (Чин) аз ҷониби ташкилкунандагон расман муаррифӣ карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истионд ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозиҳои XIX Осиё, ки қарор аст аз 10 то 25 сентябри соли 2022 баргузор шаванд, 40 намуди варзиш, 61 равияи варзиширо дар бар мегиранд. Интизор меравад, дар давоми 15 рӯзи бозиҳо 482 маҷмӯи медалҳо супурда мешаванд.

Бозиҳои Осиё бояд чор рӯз пеш аз маросими ифтитоҳ – 6 сентябр бо мусобиқаи футболи мардона оғоз пазиранд.  Нахустин медалҳо дар чанд намуди варзиш, аз ҷумла дар шиноварӣ, панҷҳарбаи муосир, қайиқронӣ ва гимнастикаи бадеӣ, рӯзи 11 сентябр тақдим карда  мешаванд.  Мусобиқаҳои камонварӣ ва шиноварии синхронӣ дар рӯзи охирин — 25 сентябр баргузор хоҳанд шуд.

Варзиши сабук бо 48 мусобиқа аз намуди варзиши сермедал хоҳад буд, шиноварӣ аз 41 мусобиқа ва камонварӣ аз 33 мусобиқа иборатанд.

Созмондиҳандагон иддао мекунанд, ки нашри аввал бар асоси «шумораи тахминии довталабон» асос ёфтааст ва мегӯянд, ки ният доранд, нусхаи ниҳоиро пеш аз бозиҳо дар соли оянда нашр кунанд.

Дар охири соли равон дар Ҳангжоу мусобиқаҳои санҷишӣ оид ба варзиши сабук, баскетбол, заврақронӣ, шиноварӣ, велосипедронӣ дар роҳ, тирандозӣ, регби, тенниси рӯи миз, дзюдо ва таэквондо ташкил карда мешаванд.

Ҳангжоу пас аз Пекин дар соли 1990 ва Гуанжоу дар соли 2010 сеюмин шаҳри Чин хоҳад буд, ки мизбони Бозиҳои Осиё мешавад.

                                                         АКС: КМО Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2021 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад