Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷудо намудани маблағ ба иштирокчиёни ҶБВ ва ятимони кулли мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 04.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо намудани маблағ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар асоси ин Қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатӣ аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблаггӯзорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ расонидани кӯмаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.
Бояд гуфт, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳраманд мегарданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






