Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Екатеринбург ботантана таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳирӯзии 9 сентябр дар шаҳри Екатеринбург бо иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Зафар Сайидзода ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии ҶТ дар Екатеринбург хабар доданд.
Дар ин чорабинӣ 80 нафар роҳбарону фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни муқими чор вилояту ду округи мухтори минтақаи Урал иштирок намуданд.
Дар назди ҳозирин Консули генералӣ Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии машваратии назди Консулгарии генералӣ Ёқуб Умаров, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни муқими ҳавзаи консулӣ сухан гуфтанд. Аз ҷумла, Зафар Сайидзода дар бораи марҳалаҳои асосию дастовардҳои умдаи даврони Истиқлол ва ҳадафу вазифаҳои стратегии он, бахусус дар мавриди пешбурди ҳаёту фаъолияти саодатмандонаи ҳамватанони бурунмарзӣ изҳори назар кард.
Дипломати тоҷик ҳамаи ҳозиринро барои фаъолияти пурсамару қобили таҳсин дар арсаи таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди солиму комили ҷомеаи тоҷикистониён дар минтақаи Урал, афзоиши кумаки хайриявӣ ба муҳоҷирони ниёзманди ҳамватан дар шароити ҳамагири Ковид-19, ҳифзи обрӯ ва татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар қаламрави Русия бо Ифтихорномаи Консулгарии генералӣ қадру сарфароз гардонид.
Дар ҷамъомади идона санъаткорони маҳаллии тоҷик бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири иштирокдоронро шоду болида гардониданд.
Аксҳо аз Консулгарии генералии ҶТ дар Екатеринбург









ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






