БМТ ва БМР ҳамкориро дар муқовимат бо ҳамлаҳои компютерӣ тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Русия Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобила дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ ба имзо расид. Санади мазкурро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини Раиси Бонки марказии Федератсияи Русия Руслан Вестеровский ба имзо расониданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни маросими имзои Созишнома, ки ба таври фосилавӣ баргузор гардид, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории пурсамари Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Русия тавсиф намуда, иброз дошт, ки Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши тиҷорату савдо, бонкдорӣ ва сармоягузорӣ мебошад.“Имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Русия дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ ҷиҳати ҳимояи низоми бонкии ҳар ду кишвар аз хатарҳои иттилоотӣ буда, барои ташкили ҳамкории самаранок дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меорад»,-иброз намуд Ҳоким Холиқзода.
Муовини Раиси Бонки марказии Федератсияи Русия Руслан Вестеровский аз равобити мутақобилан судманди Бонки марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯз ин ду бонк дар аксар бахшҳо ҳамкории пурсамар роҳандозӣ намудаанд ва ҳамгироии Низоми пардохтии «Корти миллӣ» ва НМКП «Мир»-ро намунаи барҷастаи ин ҳамкорӣ арзёбӣ намуд.
«Таҳия ва имзои Созишномаи мазкур ба манфиати низоми бонкии ҳарду кишвар буда, иқдоми саривақтӣ мебошад»,- зикр намуд Руслан Вестеровский.
Тақвияти амнияти иттилоотӣ, таҳияи стратегия оид ба мушаххассозии омилҳои ҳамлаҳои компютерӣ, муқовимат бо ҳамлаҳои компютерӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он ба низоми бонкӣ аз муҳимтарин вазифаҳои бонкҳои марказии муосир мебошад, ки дар ин санад дарҷ гардидааст.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки имзои ин санад дар оянда барои табодули маълумот ва таҷриба дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ миёни ду кишвар шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.
Аксҳо аз БМТ










Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






