«БОЗ ОМАДААСТ ФАСЛИ ХОНИШ, ТАҲСИЛИ НАВИ ШУМО МУБОРАК!». Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, Рӯзи дониш таҷлил мегардад

Сентябрь 1, 2021 08:42

ДУШАНБЕ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, Рӯзи дониш   таҷлил карда мешавад, ки он бо  Дарси сулҳ, ватанпарастӣ ва шуҷоат оғоз мегардад ва  дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми аҳли маорифи мамлакат, аз ҷумла хонандагону омӯзгорон ва донишҷӯёни кишвар санаи ниҳоят муҳим ва хотирмон хоҳад буд.

Фирӯзаи Давлат, хабарнигори АМИТ «Ховар»

Тафсилоти бештар дар гузориши  хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи  ДАВЛАТ.

 Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имсол тақрибан 240 ҳазор кӯдак ҳамчун хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд. Айни замон дар мамлакат 3911  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии   2 108 942 хонанда пайи фаъолият қарор доранд.

Муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Холиқзода зимни суҳбат иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2020-2021 дар 3911 муассисаи таҳсилоти умумӣ 2 108 942 нафар хонанда, дар 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 22ҳазору 966 нафар хонанда, дар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 93ҳазору 531 нафар донишҷӯ ва дар 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 244652 нафар донишҷӯ  ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ менамояд.

Ҳамасола дар рӯзи нахустини Соли нави хониш вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ баргузор мегардад. Бо иштироки Роҳбари давлат гузаронидани Дарси сулҳ ва оғози Соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 163 нафар ба синфи якум қабул гардидаанд. Дар муассиси мазкур Рӯзи дониш бо сароидани суруди миллӣ ва оғоз гардид.

Тавре директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Назима Камолова дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 1600 ҳазору 12 нафар хонандагон таҳсил мекарданд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо дониш ба  инсонҳо нерую тавоноӣ мебахшаду фаъолияти босамару густурдаи онҳоро дар ҷодаҳои зиндагӣ таъмин месозад. Он касе, ки соҳиби дониш комил аст, ҳамеша комёбу сарбаланд аст ва барои халқу Ватан хидмати шоиста ва манфиатбор мекунад.

Аз ин лиҳоз, тавре шоири маъруфи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ навиштааст:

Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак.
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!

АКС:  АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2021 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»