Чойхонаи «Сари баландӣ» — ҳадяи ҷашнӣ ба сокинони шаҳри Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона, раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Узбекистон, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолони маҳалла чойхонаи «Сари баландӣ» бо маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Дар мавзеи ноободи маҳаллаи Сари баландӣ барои сокинони он як маркази нави хизматрасонӣ, иборат аз чойхона, дорухона, нонвойхона бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид таъкид дошт, ки эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии як гӯшаи диёр ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат роҳандозӣ гардида, бахшида ин иди муқаддаси миллӣ беш аз 26 000 иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода шуданд.
Бунёди чунин марказҳои истироҳату фароғат, бахусус чойхонаҳо ва таъмини шароити муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.
Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд













Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд






