ХУШХАБАР! Давоми як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Сентябрь 13, 2021 20:25

ДУШАНБЕ, 13.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавирус – COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.  Инчунин, давоми як шабонарӯзи охир 5 нафар аз бемории мазкур шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 13 сентябр дар мамлакат 17084 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16953 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Ҳамин тавр, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шуд, ки барои фарогирии гурӯҳи мақсадноки аҳолии аз 18 сола болои мамлакат, ки 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафарро ташкил медиҳад, пешбинӣ гардидааст. Шуруъ аз 23-юми марти соли 2021 бо истифодаи ваксинаҳои воридшуда то имрӯз 2 миллиону 168 ҳазору 537 нафар вояи якумро қабул намуд, ки 37,2 фоизи гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳад.

Инчунин аз шумораи иммунизатсияшудагон 1 миллиону 278 ҳазору 240 нафар вояи дуюмро низ қабул карданд, ки 59 фоизро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт гузаронидани ваксина ба аҳолии мамлакат, имрӯз сатҳи сироятёбии шаҳрвандон ба бемории коронавирус коҳиш ёфта, тайи ҳафтаи охир ҳолатҳои бистаришавии шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ бо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар шаҳри Душанбе бошад, шуруъ аз 29 – уми августи соли 2021 ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва тамоми муассисаҳои тиббие, ки беморони коронавирусро табобат мекарданд, ба фаъолияти муқаррарӣ оғоз намудаанд.

Дар пойтахти мамлакат дар доираи  иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва иқдомҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва мубориза бар зидди он тадбирҳои зиёди самарабахш амалӣ карда шудааст.

Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе ва рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бошад, зери таваҷҷуҳи доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Дар рӯзҳои охир ба марказҳои ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ва мутахассиони соҳаи тиб, ки шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд,  аз ҷониби сокинон даъватҳои алоқаманд оид ба бемории сироятии COVID-19 анҷом дода нашудааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз миқдори умумии ваксинаҳои воридшуда 1 миллиону 267 ҳазору 40 воя барои фарогирии аҳолии мақсадноки пойтахт ҷудо гардида, ба ҳолати 12 сентябри соли ҷорӣ 606 ҳазору 885 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе (97,0%) бо вояи якум ва 390 ҳазору 416 нафар (62,4%) бо вояи дуюми ваксина фаро гирифта шудаанд ва ваксинагузаронии сокинони пойтахт бо маром идома дорад.

Новобаста ба ин, назорати эпидемиологии бемории COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба таври мунтазам идома ёфта, рафту омади шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ба қаламрави мамлакат таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 13, 2021 20:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»