Дар Бадахшон панҷумин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди бокс миёни наврасону ҷавонон оғоз ёфт

Сентябрь 22, 2021 15:19

ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди бокс миёни наврасону ҷавонон оғоз ёфт. Дар ин бора  сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Мусобиқаи мазкур  бо ҳадафи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, таҳкими ҳамдилию рафоқат байни наслҳои ояндасози кишвар доир гашта, он панҷумин мусобиқаест, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ дар ҳудуди вилоят гузаронида мешавад.

Дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ миёни ҳам рақобат карда, ғолибон бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешаванд.

                                             АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Сентябрь 22, 2021 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд