Дар Бадахшон панҷумин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди бокс миёни наврасону ҷавонон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди бокс миёни наврасону ҷавонон оғоз ёфт. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Мусобиқаи мазкур бо ҳадафи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, таҳкими ҳамдилию рафоқат байни наслҳои ояндасози кишвар доир гашта, он панҷумин мусобиқаест, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ дар ҳудуди вилоят гузаронида мешавад.
Дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ миёни ҳам рақобат карда, ғолибон бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешаванд.
АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш








Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд






