Дар Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз шуданд

Сентябрь 24, 2021 13:47

ДУШАНБЕ, 24.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби занона дар гурӯҳи «В» оғоз ёфт. Дар даври аввали мусобиқот дастаҳои мунтахаби  занонаи  Ветнам бо Малдив рақобат намуданд. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби калони  16:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби  Ветнам хотима ёфт, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

26  сентябр дар ин гурӯҳ  дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бозии якуми худро бо дастаи мунтахаби занонаи  Малдив доир мекунад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри   Душанбе соати 18:00 оғоз мешавад. Мавриди зикр аст, ки   24 ва 27  сентябр рақобатҳо дар доираи ин мусобиқот дар гурӯҳи «С», ки ба он дастаҳои мунтахаби занонаи Сингапур ва Индонезия шомиланд, баргузор мешаванд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона:

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Малдив – Ветнам – 0:16

Даври 2-юм

26 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ 18:00

Тоҷикистон – Малдив

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Ветнам – Тоҷикистон

Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.

Даври 1-ум

24 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 18:00

Сингапур – Индонезия

Даври 2-юм

27 сентябр (душанбе)

Оғози соати 18:00

Индонезия – Сингапур

Хотиррасон  мешавем, ки  ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе   соати 18:00 оғоз мешаванд.

 АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 24, 2021 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд