Дар Душанбе дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ доир мешавад

Сентябрь 11, 2021 09:29

ДУШАНБЕ, 11.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонони 13 кишвар дуюмин  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мешавад, хабар дод намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Мусобиқаи мазкур  бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ба ин муносибат  7 сентябр дар қароргоҳи Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот масъалаҳои ниҳоии омодагиро баррасӣ намуд.

Дар доираи ин мусобиқа 10 сентябр бори аввал конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад.

Дар дуюмин  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Россия, Туркия, Украина, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат мекунанд.

Рақобатҳо дар 5 вазн: 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва дар як вазн: 65кг миёни бонувон ҷараён мегиранд. Ғолибони ҳар 6 вазнро шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор аст.

Ҳамчунин барандагони медалҳои нуқра соҳиби 3 ҳазор доллари ИМА ва барандагони ҷои сеюм соҳиби 1,5 ҳазор доллари ИМА мешаванд.

Ҳамчунин бори аввал ғолиб дар ҳайати даставӣ низ интихоб гардида, бо ҳазор доллари ИМА сарфароз мегардад.

Ин дуюмин  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Сентябрь 11, 2021 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд