Дар Душанбе Фестивали сурудҳои ватандӯстона – «Суруди сарбоз» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии амфитеатри «Аҳорун»-и пойтахт чорабинии тантанавию идона ва Фестивали «Суруди сарбоз» баргузор гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷараёни фестивал намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, ба иштирокчиёни Фестивали мазкур Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Зимни ҷамъомад сарояндагони оркестри ҳунарии Гврдияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оркестри Раёсати Қӯшунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ансамбли рақсии гулдухтарони гурӯҳи «Лаъл»-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду таронаҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ хотири меҳмонону иштирокдорони фестивали мазкурро шод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар фестивали мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Аксҳо аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе










Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






