Дар Душанбе Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир шуд

Сентябрь 27, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 27.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. 25-26 сентябр дар шаҳри Душанбе Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest-2021) бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид, ки дар он се ситораи деринтизори эстрадаи Шарқ — Юлдуз Усмонова, Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод ва ҳунармандони хушовози эстрадаи тоҷик бо суруду оҳангҳои дилнишину марғуб табъи ҳозиринро шод гардониданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, барномаи фарҳангиро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки фестивали мазкур соли сеюм аст бо ташаббуси бевоситаи Раиси муҳтарами шаҳр Рустами Эмомалӣ баргузор карда мешавад.

Дар даромадгоҳи фестивал  намоиши  ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда, иштирокдорони он, бахусус меҳмонони хориҷӣ  аз  маҳсулоти дастии ҳунармандони тоҷик харидорӣ намуданд. Баҳри боз ҳам шавқовар гардонидани барнома бозии бурдҳои қиматнок ташкил гардида, иштирокдорон соҳиби  туҳфаҳои арзишманд шуданд.

Инчунин дар фестивали мазкур парвоз дар  кураҳои ҳавоӣ,  бозиҳои рангоранг ва барномаҳои шавқовар барои хурдсолон пешкаш гардид. Барои дӯстдорони ширинӣ   беҳтарин анво пешниҳод гардида,  ҳамчунин навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ва нӯшобаҳо аз меваҳои шаҳдбори сарзамин манзур шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» гузаронида шуд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд