Дар Душанбе марҳилаи ниҳоии футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 29.09.2021 / АМИТ «Ховар» /. Аз 2 то 4 октябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи хурд баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба суханони мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи КИМ ҲХДТ Изатуллои Ҳабибзод.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавигардонии варзиш ва самаранок истифода бурдани иншооти варзишӣ, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулони соҳа, бахусус ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастури мушаххас дода буданд, мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ гардида буд.
Мусобиқаи мазкур тибқи низомнома, то имрӯз дар се марҳила-дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо, ҷамоати деҳот, минтақа ва вилоятҳо гузаронида шуда, ғолибон қадршиносӣ гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
АКС: Дастгоҳи КИМ ҲХДТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






